Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин

241

Сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овардааст, ки дар доираи созишномаҳои ба имзорасида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо вазорату идораҳои дахлдори шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, табодули таҷриба намоянд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикстон, ки бо Ҷумҳурии мардумии Чин расман ҳамчун шарикони стратегӣ шинохта шудаанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, ҳамкориҳои стратегии ду кишвари дӯст ва ҳамсояро тақвият медиҳанд.

242

Дар баробари дигар соҳаҳо дар ин замина якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуда, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ карда шудаанд.
Ҳафтаи сипаришуда дар доираи Протоколи баимзорасида аз натиҷаи гуфтушунид байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва РВКД дар шаҳри Душанбе сафари расмии ҳайати намояндагони милитсияи пойтахт таҳти роҳбарии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.
Дар доираи сафари корӣ нахуст гуфтушунид байни ҳайати намояндагон ва роҳбарони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро намояндаи доимии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Нанкин Ли Мин Изи ва ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон муаррифӣ намуданд.

243

Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомотҳои ду кишвар, табодули таҷриба оиди мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона, раванди террористиву экстремистӣ дошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои кибернетикӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ташкил карда мешавад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика