Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақаллуб ва фиребкорӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросон марди 56-солаи сокини ноҳияи Нуробод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми январи соли 2017, марди 42-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писараш, марди 34-сола, 38000-сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст. 

Ҳамин тариқ, номбурда соли 2017 аз марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писараш, марди 38-сола, 50000-сомонӣ гирифта,ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Нисбати марди 42-сола парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика