Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксияи умумишаҳрӣ дар пойтахт

551

Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли ҷомеа рӯзи 12 майи соли ҷорӣ баён гардид ва ҳамчунин оиди аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва сипарӣ намудани чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва минтақавию байналмиллалии дар пешистода як қатор тадбирҳоро андешида, амалӣ намуда истодааст.

552

Илова бар ин, дар доираи талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” , кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», раисони кумитаву маҳаллаҳо, Аксияи умумишаҳриро оид ба риояи одоби шаҳрнишинӣ, ободу зебо гардонидани муҳити атроф, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр баргузор намуданд.
Дар Аксияи умумишаҳрӣ, ки дар ҳудуди чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид, зиёда аз 1200 нафар ҷавонон, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва масъулини дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдор иштирок намуданд.

553

Дар маросими дастурдиҳӣ роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, зикр карданд, ки Аксияи умумишаҳрӣ дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” роҳандозӣ карда шуда, мақсади он ободу зебо гардонидани муҳити атроф, муайяннамоӣ ва пешгирии ҳолатҳои савдо дар ҷойҳои номуқарраршуда, бартараф намудани ҳолатҳои нигоҳдошт ва партофтани партов дар ҷойҳои манъшуда ва дигар омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳри Душанбе мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд гурӯҳҳои таблиғотӣ дар доираи Аксияи умумишаҳрӣ барои фаҳмонидани мақсаду маром ва ҳадафҳои Аксия бо аҳолӣ ва сокинони шаҳр дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе сафарбар гардида, чорабирниҳои мақсаднок бо маром ҷараён дорад.
Сироҷиддин Шукуров




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика