Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои обӣ

545

Имрӯз дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чорабинӣ бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ олимону донишмандон аз Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академия ВКД ва дигар сохторҳои марбута иштирок карда, вобаста ба масъалаҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028», терроризму экстремизм, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳои пурмӯҳтаво карданд.
Қайд гардид, ки фарҳангу тамаддунҳои башарият аз қадимулаём то ба замони мо дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа, хизмат карданд ва ҳадафи аслии ҳамагон тарбияи инсони комил ва солеҳ мебошад.
Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор рафта, хатари ин зуҳуроти номатлуб ба давлатҳои гуонгун таъсир расонида, боиси ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта гардидааст.

546

Ҳамчунин дар идомаи чорабиниӣ аз ҷониби олимону донишмандон қайд гардид, ки ҳаҷми захираҳои оби дарёҳои Осиёи марказӣ нисбат ба меъёри ҳарсола чор-панҷ баробар кам нишон дода мешавад. Чунин вазъи тағйирёбии иқлими сайёра моро водор месозад, ки бо истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем.

Дар охири чорабинӣ коршиносон ин даҳсоларо дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва пешгирӣ аз паёмадҳои ногувори тағйирёбии иқлими сайёра муҳим арзёбӣ намуданд.

Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика