Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯёни фаъол қадрдонӣ карда шуданд

378

Ҷавонон, бахусус донишҷӯён нерӯи тавоно ва созандаи ҷомеаву давлат ба ҳисоб рафта, пешрафту шукуфоӣ ва тараққиёти мамлакат аз ин қишри ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Вале мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе донишҷӯён ҷойи омӯхтани илму дониш ба ҳуқуқвайронкунӣ даст зада, қонунҳои амалкунандаро сарфи назар менамоянд.
Маҳз ба хотири пешгирии чунин зуҳурот кормандони ВКД дар Муассисаҳои олӣ ва миёнаи кишвар пайваста сӯҳбату вохӯриҳои судманд доир менамоянд.
Бо ин мақсад имрӯз кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуквайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишҷӯёни ин боргоҳи илм чорабинии мақсаднок баргузор намуданд.

379

Ректори донишгоҳи мазкур Фақирзода Ҳамидуллохон Нуриддин бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз заҳмату корнамоиҳои кормандони милитсия дар солҳои даҳшатноки бесарусомониҳо ёдовар гардид. Номбурда иброз дошт, ки робитаву ҳамкории донишҷӯён бо кормандони милитсия ҳар чӣ бештар ба роҳ монда шавад, ҳамон қадар ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода А.А. ва намояндагони гурӯҳи Авангард суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ, пойдории сулҳу суботи кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҷавонон бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуф роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.

380

Дар анҷоми чорабинӣ ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва донишҷӯёни фаъол барои ҳамкории ҳамешагӣ бо мақомоти милитсия аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Ифтихорономаҳои фахрӣ тақдим карда шуд.
Абдулло Шоҳиён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика