Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 65-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри 2013, марди 56-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ваъда додааст, ки хонаашро ба маблағи 300.000-доллари амрикоӣ фурӯхта медиҳад. 

Сипас, марди 65-сола дар идораи нотариалии ноҳияи И.Сомонӣ хонаро ба номи марди дар боло зикршуда гузаронидааст, аммо номбурда хонаро фурӯхта, маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Бо ин амали худ ӯ ба ҷабрдида ба маблағи 100.000-доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст.
Тафтишот муайян намуд, ки марди тақаллубкор ҳамчунин, ба боварии марди 65-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми пойтахт даромада, 127.000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати нафари қаллоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика