Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои мақсаднок дар муассисаҳои таълимии пойтахт

213

Рӯзи 22-юми майи соли равон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Миралӣ Маҳмадалӣ , муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Дилбар Ҷӯраева, директори ин муассиса Мӯсо Асозода ва ҷавонони гурӯҳи "Авангард" бо омӯзгорону волидайни толибилмон баргузор гардид.

214

Нахуст, Азизӣ Миралӣ Маҳмадалӣ  хонандагонро ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» муборакбод гуфта, вохӯриҳои пайвастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони ХПҲНҶ дар муассисаҳои таълимии пойтахтро яке аз роҳҳои пешгирии қонуншиканиҳо миёни мактаббачагон арзёбӣ намуд.

Мавсуф ҳамчунин оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" баромад намуда, зикр сохт, ки волидайн бояд ба фарзандон, пеш аз ҳама номи нек гузоранд, то ки дар оянда фарзандонашон аз номи ба онҳо гузошташуда ифтихор намоянд. Падару модар бояд ба таври ҳамешагӣ ба мактаб робитаи наздик дошта, аз ҳолати ба дарсҳо ҳозир шудани фарзандонашон бохабар бошанд.
Боиси зикр аст, ки таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, бо ташаббусу иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ таъмир карда мешаванд.
М.Азизӣ дар идомаи суханрониаш доир ба тарбияи дурусти фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо аз волидайн талаб кард, ки онҳоро аз оворагардӣ боз доранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия А. Фаттозода баромад карда, зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни мактаббачагон ба ҳисоб рафта, новобаста ба таъкидҳои пайвастаи роҳбарияти ВКД ва Вазорати маориф ва илм ҳанӯз ҳам содиршавии чунин амалу кирдорҳо ба назар мерасад. Ҳамчунин нисбати 474 нафар падару модарон оид ба иҷро накардани уҳдадориҳояшон дар таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.
Дар фарҷоми суханрониаш А. Фаттозода иброз намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар шаҳри Душанбе бунёди майдончаҳои варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Чунин иқдоми нек тавонист ҷинояту ҷинояткориро миёни ноболиғону ҷавонон коҳиш диҳад, зеро наврасону ҷавонон вақти холигии худро дар майдончаҳои варзишӣ гузаронида, аз ҳамсолони хеш даъват ба амал меоранд, ки ба соҳаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим бештар рӯ оваранд.

215

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Мунаввараи Умарҷон ва Мирзошариф Абдусаломов дар бораи ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва арзишҳои миллӣ баромад намуданд.
Дар охир, ба як қатор хонадагони ин муассисаи таълимӣ, ки дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Абдулло ШОҲИЁН,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика