Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносии марде, ки ба хотири наҷоти ҷавондухтар аз марг пояшро шикаст

124Шоми 9 майи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа як нафар ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ ба соҳили дарёи Душанбе рафта, худро аз баландии тахминан 3-4 метр ба дохили дарё ғарқ намудааст. 

Тибқи иттилои тафтишот дар ин лаҳза, шаҳрванд Саидасрор Хидиров, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ки ба моҳигирӣ машғул буд, доду фиғони ҷавондухтари ғарқшудаистода ва дар коми марг қарордоштаро шунида, дарҳол барои наҷоти ҷавондухтар ба сӯи ӯ медавад.
Сипас шаҳрванд Саидасрор Хидиров бо нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ худро ба дохили дарё ҳаво дода, ҷавондухтари нияти қасди худкушидоштаро, ки алакай аз ҳуш рафа буд, бардошта ба соҳили дарё баровардааст. Баъдан гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомоти милитсия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ҷавондухтари 18-соларо ба беморхона интиқол додаанд. Айни ҳол саломатии ҷавондухтар барқарор карда шуда, чорабиниҳои тафтишотӣ оиди сабаби даст ба худкушӣ задани номбурда идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки зимни худро ба дохили дарё ҳаво додан ва аз марг наҷот додани ҷавондухтар шаҳрванд Саидасрор Хидиров ба саломатиаш зарари ҷиддӣ дида, дар намуди шикасти устухони пои чап ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хотири қадршиносӣ ҷиҳати аз марг наҷот додани ҳаёти инсон ва зоҳир намудани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Саидасрор Хидиров ташриф оварда, номбурдаро аёдат намуданд.
Зимни суханронии хеш сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон барои анҷом додани чунин кирдори намунавиаш ба шаҳрванд Саидасрор Хидиров аз номи роҳбаряити Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, номбурдаро бо «Сипоснома», тӯҳфаҳои хотиравӣ ва молӣ қадршиносӣ намуд.

125126

Дар ин росто Вазорати корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста он шаҳрвандоне, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика