Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир ва пиёдагард дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ

02913-уми майи соли 2018, тахминан соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Хоркашов Ҷаҳонгир Аталикшоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори роҳ даромада, ба сутуни барқии оҳанини “Анкер” бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Бобоҷонзода Шоҳрух Бобоҷон, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бохтар, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда, Хоркашов Ҷ.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
13-уми майи соли 2018, тахминан соати 14.30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Саидов Сиёвуш Аминҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти А.Авазов ба самти шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Маҳмадназарова Зебогул Ҷумъахоновна, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика