Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 ронанда баъди ирсоли расми қоидавайронкуниашон боздошт ва ҷаримабандӣ шуданд

110Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти милитсия ин таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад. Бо дарназардошти ҳамин омил имрӯз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он дар шаҳри Душанбе ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи шаҳрвандиро яке аз принсипҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии худ дониста, дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, бартараф намудани зуҳуроти халалдоркнандаи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии садаманокӣ ва ошкорнамоии ҳолатҳои дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо мардум дар ҳамкории зич қарор дорад.

Маҳз натиҷаи чунин ҳамкориҳои судманди роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо мардум буд, ки имрӯзҳо хоҳишмандони сафи бо мақомоти милитсия ҳамкоридоштагон бамаротиб афзуда, сокинони бомаърифати пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва ошкорнамоии ҳолатҳои дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт бо мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳамкории зич доранд. Яъне шумораи нафароне, ки ҳолатҳои ғайриқонунӣ ва вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагонро бо телефони дастӣ ба навор мегиранд ва ё расми онро ба мақомоти милитсияи пойтахт исрол менамоянд, рӯз то рӯз афзоиш дорад.
Ҳафтаи сипаришуда низ 20 ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби шарҳрвандони пойтахт сабт карда шуда, тариқи суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва саҳифаи расмии интернетии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук барои баррасӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид гардид.
Дар ин замина бо супориши хаттии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон кормандони Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе дар асоси далелҳои дастрасгардида, соҳибони воситаҳои нақлиёти дар расмҳо инъикосгардидаро, ки ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ рафтори хунукназарона мекунанд ва аксари онҳоро воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ташкил медиҳад, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани кирдори содирнамудаашон ба Шуъбаи БДА дастрас намуданд.
Дар натиҷа нисбати 20 нафар ронандагон барои содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ маводҳои маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, ронанадагон барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот доданд.

111112

Илова бар ин нисбати шаҳрвандони зерин маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳар кадоме нисбати кирдорҳои зиддиҳуқуқиашон ҷаримаҳои маъмурӣ ситонида шуданд:
Мирзоев Музаффар Қудратович ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, аломати қайди давлатиаш 3396ЕА01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Бобиев Ситам Шоборонович ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, аломати қайди давлатиаш 0101ОВ01 барои риоя накардани талаботи моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шарифов Шоҳрух Баҳриддинович ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, аломати қайди давлатиаш 5216ТТ05 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сафаров Абдулло Исмоилович ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 2107”, аломати қайди давлатиаш 1000YС01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳикматова Фарангис Абдукаримовна ронандаи автомашинаи тамғаи “Ренҷ-Ровер”, аломати қайди давлатиаш 1010DD01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муродов Бобоазиз Алиевич ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус 450”, аломати қайди давлатиаш 580ZA01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солиҳов Фируз Ғайратшоевич ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, аломати қайди давлатиаш 8700СТ01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Салимзода Орзу Нурхон ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, аломати қайди давлатиаш 6000СY01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Меҳроҷи Раҷаб ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, аломати қайди давлатиаш 9998ВТ01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

113114

Раҳмонов Садриддин Назарович ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, аломати қайди давлатиаш 9999АВ01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Наврузов Умедҷон Маҳмашарифович ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан”, аломати қайди давлатиаш ВК777801 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Саидов Муҳаммадалӣ Нуралиевич ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, аломати қайди давлатиаш 2496НА01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамидов Умед Исмоилович ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, аломати қайди давлатиаш 0002ВК01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сабуров Қурбоналӣ Мавҷудович ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, аломати қайди давлатиаш 3345ТТ05 барои риоя накардани талаботи моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҷононов Ҳикматулло Қадамович ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, аломати қайди давлатиаш 5700DD03 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Давлатов Раҳмонқул ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер”, аломати қайди давлатиаш 4664АС01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
115Қурбонов Шералӣ Нуралиевич ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай”, аломати қайди давлатиаш 5743ТТ05 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мавриди зикр аст, ки 3 нафар ронандаи дигар худи ҳамон лаҳза, дар ҳолати вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони ШБДА дар шаҳри Душанбе боздошт ва нисбаташон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:
Зувайдов Абдураҳим Саидович ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, аломати қайди давлатиаш 1414СС01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ахмедов Анвар Саймузаффарович ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Хундай-Старекс”, аломати қайди давлатиаш 0991ТТ05 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Назаров Шодӣ Сайдуллоевич ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, аломати қайди давлатиаш 1101ВО01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Дар навбати худ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне, ки дар пешгирии ин гуна амалҳои зиддиҳуқуқӣ бетараф набуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон мусоидат менамоянд, миннатдории хешро баён менамояд.
Зеро дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандон мо метавонем, пеши роҳи чунин зуҳуротро гирифта, барои ба яке аз пойтахтҳои намунавии кишварҳои минтақа табдил додани шаҳри Душанбе муваффақ шавем.
Суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Сомона: www.dushanbepolice.tj
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук: “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика