Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии компютер

6-уми май соли 2018 ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ аризаи шаҳрванд Мухшулзода Зеваршо, соли таваллудаш 1997, зодаи ноҳияи Қумсангир, деҳаи Сарипул, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, факултаи математика, дар он хусус дохил гардид, ки шахсони номаълум санаи 4-уми майи соли равон, тахминан соати 14:00-дақиқа, аз хонаи истиқоматиаш як адад компютери тамғаи «ACER»-ро дуздидаанд, ки маблағи зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Холиқов Аброр Аҳтамович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бо гумони дуздӣ дастгир гардид, ки дар содир намудани дуздии мазкур пурра иқрор гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи ШВКД дар шаҳри Хоруғ тафтишоти пешакӣ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика