Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии сутунҳои чубӣ дар ноҳияи Мурғоб

85Кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб як ҳолати дуздиро ошкор намуданд. Шаҳрвандон Ашимов Джусопали Суранович, соли таваллудаш соли 1979, Нуров Бозорбай Қутбиддинович, соли таваллудаш 1978 ва Аматов Эсеналӣ Газиевич, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Мурғоб, ҷамоати Қизилработ, деҳаи Тохтамиш, бо маслиҳати пешакӣ 24-уми феврали соли 2018, дар деҳаи Қараташи ноҳияи Мурғоб 29-адад сутунҳои чӯбиро бурида, тавассути автомашинаи тамғаи «УАЗ-469», ки ба шаҳрванд Аматов Эсеналӣ тааллуқ доштааст, тасарруф намуда, бурдаанд. 86

Номбурдагон аз тарафи кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Мурғоб дастгир гардида, зимни пурсиш ба ҷинояти содиркардаи худ пурра иқрор гардиданд. Зарари расонидашуда дар маҷмӯъ 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Айни ҳол нисбати Ашимов Джусопали Суранович, Нуров Бозорбай Қутбиддинович ва Аматов Эсеналӣ Газиевич, парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати моддаи 244 қисми 2, яъне дуздӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика