Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фавти хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

4-юми майи соли 2018, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, Наимов Бобоҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Мирзошарифов Маҳмадамин Мирзошарифович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Нуробод, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа мусофири хурдсол, Мирзошарифов Бовбек Мирзошарифович, соли таваллудаш 2015, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин мусофирони дигари автомашинаи мазкур Сабурова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1954, сокини ш.Душанбе, Саидбеков Раҳимҷон Идибекович, соли таваллудаш 1996, сокини н.Нуробод ва мусофири автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, Ватанов Умед Давлатович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика