Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасарруфи молу мулки шаҳрвандон

102Тасарруфи молу мулки шаҳрвандон ва бо ин роҳ ба даст овардани маблағи бедарди миён амали ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Ба ШВКД дар ноҳияи Шуғнон аризаҳои шикоятӣ аз тарафи шаҳрвандон Сулаймонова Майрам Муборакшоевна, сокини деҳаи Хоса, ҷамоати деҳоти Поршинев ва Раҳимбекова Адолат, истиқоматкунандаи деҳаи Пашор, ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдоиши норасоии масуният дар ноҳияи Шуғнон дар хусуси дуздии моликияти давлатӣ ва шахсӣ дохил гардиданд.103
Шаби 26 ба 27-уми апрели соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи шикастани тиреза, вориди утоқи корӣ гашта, аз дохилашон 1-адад кондитсионер, 15-адад пиёла ва дигар ашёҳои рӯзгор, ки дар онҷо қарор доштаанд, дуздида аз ҷойи ҳодиса пинҳон мешаванд.
Ғайр аз ин, худи ҳамон шаб аз мағозаи шаҳрванд Сулаймонова Майрам ба тариқи шикастани панҷараи тиреза вориди он гардида, аз дохили он маводи хӯрокворӣ аз қабили қуттиҳои шоколад ва дигар маводҳои хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Зарари умумии ба шаҳрвандон расонидашуда дар умум 6 ҳазору 287 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар қаламрави ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ шаҳрвандон: Шайхов Шайх Меҳралиевич, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Миденшор ва Мирлангаров Гурминҷ Мирдавлатович, ки пеш барои содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва қаллобӣ бо моддаҳои 248 қисми 2 ва 247 суд шудааст, дастгир гардиданд ва ҳангоми пурсиш ба ҷинояти содиркардаи худ пурра иқрор гардиданд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд.
Айни ҳол нисбати номбурдагон аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Шуғнон парвандаи ҷиноятӣ бо аломати моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а-б-в-г», аз рӯи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад ва номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика