Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ аз ҷамъияти “Маводҳои Навтарини ТВЕА”

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ мактуби роҳбарияти ҶДММ “Маводҳои Навтарини ТВЕА” дар он хусус ворид гардид, ки шахсони номаълум якчанд маротиба бо роҳи пинҳонӣ ба бинои ҶДММ “Маводҳои Навтарини ТВЕА”, ки панҷара ва камераи мушоҳидавӣ надорад, даромада дуздӣ намудаанд. 

Бори аввал моҳи июни соли 2017 аз ҳудуди ҷамъият 25-халта хокаи пудраи “Алюминий”, арзишаш 21 ҳазору 875-сомонӣ, бори дуввум моҳи марти соли 2018 аз ҳудуди сехи истеҳсолӣ 300-метр сим (кабел), арзишаш 6 ҳазору 600-сомонӣ ва бори сеюм тахминан санаи 19 то 24-уми апрели соли равон боз 25-халта хокаи пудраи “Алюминий”, арзишаш 21 ҳазору 875-сомонӣ, ҷамъ ба малағи 50 ҳазору 350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 22-сола ва ҷавонписари 18-солаи сокинони деҳаи Элоки ноҳияи мазкур бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин зимни тафтиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 22-солаи дар боло зикргардидаи сокини деҳаи Элок бо маслиҳати пешакӣ бо марди 32-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ғайриқонунӣ вориди бинои корхонаи ҶДММ “Маводҳои Навтарини ТВЕА”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайналобод гардида, аз он ҷо бо роҳи пинҳонӣ 25-халта хокаи пудраи “Алюминий”-ро ба маблағи 21 ҳазору 875-сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика