Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рабудани автомашина аз ҷониби донишҷӯ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 36-солаи сокини кӯчаи Яккачинори ноҳияи Сино муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми майи соли 2018, тахминан соати 16:40-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди беморхонаи “Истиқлол”, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, дар кӯчаи Сино аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо ду автомашинаи дигар бархӯрдааст. 

Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 20-солаи сокини ноҳияи Хуросон, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика