Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахши пиёдагардон аз ҷониби ронандагони ноуҳдабаро

1-уми майи соли 2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидҷаъфари Исмоил, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Роғун ба самти ш.Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш бо қисми пеши автомашина ноболиғ, Ғиёсов Фирӯзҷон Бахтоварович, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Бобои Валиро, ки аз канори рости роҳ ба самти муқобил мегузашт, пахш намудааст. 

Дар натиҷа, ноболиғ, Ғиёсов Ф.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
1-уми майи соли 2018, тахминан соати 15.00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Бобоев Фаррух Ҷамъахонович, соли таваллудаш 1992, сокини н.Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди даромадгоҳи ш.Кӯлоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашина пиёдагард Санавбари Холмурод, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Сангпар, ҳамшираи тиббии деҳаи Гулбоғро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика