Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бархурди “Дулан” ба автомашинаи “Опел-Вектра”

10-уми апрели соли 2018, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Салимов Соибҷон Солиевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Турсунзода ба самти ш.Душанбе бо шоҳроҳи Турсунзода-Ҳисор-Душанбе, дар гардиши даромад ба маркази ш.Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Азимов Авзалшоҳ Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Ҳуҷуми шаҳри мазкур, ки аз самти маркази ш.Ҳисор ба самти деҳаи Ҳуҷум ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” Азимов А.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Азимова Олуфта Исматуллоевна, соли таваллудаш 1980, Абдуллоҳи Афзалшоҳ, соли таваллудаш 2006, Азимова Омина Афзалшоевна, соли таваллудаш 2004, Азимова Марям Афзалшоевна, соли таваллудаш 2005, Ҳабибуллоҳи Афзалшоҳ, соли таваллудаш 2012, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Ҳисор бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика