Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти гумонбарон дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахонаҳо

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар даллагӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 13-уми марти соли 2018, дар назди ошхонаи “Файзуллоҷон”, воқеъ дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Б.Ғафуров” барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва зани 26-солаи сокини шаҳри Бӯстонро шинос карда, аз онҳо 130-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.
Номбурда, рӯзи 14-уми марти соли 2018, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ фоҳишахона ташкил намуда, ба марди 25-сола ва зани 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 33-солаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.
Номбурда, 17-уми марти соли 2018, дар хонаи иҷорагирифташ, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе фоҳишахона ташкил намуда, ба марди 32-сола ва зани 41-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика