Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо истифода аз боварӣ гирифтани маблағ ва автомашина

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2014, зани 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 112 000 сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 25-солаи сокини ш. Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2014, марди 34-солаи кӯчаи Д.Аҳмадбекови шаҳри Хуҷанд бо рохи фиреб ба бовариаш даромадаш, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи «БМВ-530»-ро ба маблағи 22 000-доллари амрикоӣ харидорӣ намуда, аз ин маблағ 4000 доллари амрикоиро дода, 18 000-доллари боқимондаро то ҳол барнагардонидааст.
Шахсни гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика