Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашхоси ба ҷиноят даст зада ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд

70Ба ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа аризаи шикоятии шаҳрванд Назармамадов Дустмамад, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Рошткалъа, дар он хусус ворид гардид, ки шаби 14 марти соли равон, тахминан соати 02:34-дақиқа, шахсони номаълум аз дохили оғилхонаи манзили истиқоматиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи ШБДА, воқеъ дар мавзеи Ботсад, автомашинаи тамғаи «Чанху», бо рақамҳои қалбакии ВК8766РТ01, таҳти идораи ронанда Завқибеков Масрур Хайёлбекович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳолати мастӣ қарор дошт, бо ҳамроҳии шаҳрванд Нағзибеков Фарид Марватшоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Қирғизистон, хонаи №82, оиладор, соҳиби як фарзанд, пеш бо моддаҳои 89 қ.2 ва 249 қ.3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, манъ карда мешавад.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили он як сар ҳайвони шохдори калон дарёфт карда шуд. Инчунин ҳангоми кофтукови шахсии шаҳрванд Нағзибеков Фарид Марватшоевич, аз либоси дар танаш дошта, як адад селофани сиёҳ, ки дар дохилаш маводи ҷигариранг, монанд ба маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар ВМКБ маводи дарёфт карда шуда, ба маводи нашъадори навъи «афюн» тааллуқ дошта, вазни холисаш 3 грммро ташкил медиҳад. Далели шайъӣ - як сар чорвои калони шохдор ба соҳибаш баргардонида шуд.

71

Зимни пурсиш аз тарафи кормандони милитсия номбурдагон ба гуноҳи содиркардаи худ, дуздии як сар ҳайвон ва маводи мухаддири аз ӯ дарёфт кардашуда, пурра иқрор гардиданд.
Айни ҳол, нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дуздии моликияти шахсӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика