Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Куштори домод аз ҷониби падарарӯс

Рӯзи 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур, бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иззи гармӣ, падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар маркази деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати домодаш, ӯро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба гарданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика