Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зани тиллодузд ба даст афтод

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 32-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1-адад гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 800-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини кӯчаи Хуҷандии шаҳри Душанберо бо гумони дуздӣ, дастгир намуданд.
Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика