Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷалб намудан барои истисмори шаҳвонӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи И. Сомонӣ зани 21-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2016, бо зани 32-солаи сокини шаҳри Леваканд, дар маркази дилхушии “Опера” шинос шуда, моҳи июли соли 2017, барои кор кардан ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия даъват кардааст. Ӯ бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоки худ оиди сӯиистифодаи фоҳишагӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба маблағи аз 200 то 400-доллари амрикоиро ба шаҳрвандони миллаташон гуногун пешниҳод намуда, маблағи аз ин ҳисоб ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Айни замон нафари гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика