Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарёфт ва мусодираи сангҳои қимматбаҳо

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карда шуд. 

Дар вақти азназаргузаронии хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, аз дохили сумкаи “варзишӣ” 223-адад сангҳои қимматбаҳои навъи “Лаъли-Асил”, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сангҳои дарёфтшуда сангҳои табии “Лаъли Асил” буда, вазни умумиашон 177,73-грамм ва арзишашон 44.242-сомонию 51-дирамро ташкил медиҳад.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, ҳангоми дар шаҳри Хоруғ қарор доштанаш, ин навъи сангҳоро аз шаҳрвандон: марди 44-солаи сокини ноҳияи Ишкошим ва марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур, ба маблағи 600-доллари амрикоӣ ғайриқонунӣ харидорӣ намудааст.
Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар терминали №1-и фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми санҷиши бағоҷи мусофири хатсайри самти “Душанбе-Деҳлӣ”, зани 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо, дастгир намуданд.
Ҳангоми аз назаргузаронии бағоҷи ӯ, аз дохилаш 1-адад хулаи металли рангаш зард, дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулаи дарёфтшуда ба металли қимматбаҳои навъи “Тилло” мансуб буда, иёриаш 585, вазни умумиаш 79,36-грамм ва арзишаш 17.560-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика