Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва мусофир дар роҳ

01.03.с.2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зубайдов Раҳмоналӣ Бухориевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳи Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Давлатов Давлатбек Ёрибекович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зубайдов Р.Б ва мусофираш Айматов Абубакр Файзалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.

Дигар мусофири автомашинаи мазкур Азизов Бахтовар Мирзомуродович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатов Д.Ё ва мусофири хурдсолаш, Эгамов Алиакбар Абдураҳмонович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика