Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду нафар шахси қаллоб

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2016, марди 27-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, бо роҳи фиреб ба боварии бародараш, марди 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел Астра” арзишаш 40000-сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 4000-сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ҳисор, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2017, марди 34-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика