Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шахси дар кофтуков қарордошта дар Тошканд дастгир гардид

68Дар асоси Шартномаи «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои он» аз 25.05.с.1999 ҳамкориҳоро вусъат дода, сохторҳои марбутаи ин ду кишвар мубодилаи ахборотҳои моҳияти хизматӣ доштаро тақвият дода истодаанд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилаи сатҳи баланди ин ду вазорат дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 26-юми феврали соли 2018, шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷурақулович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҳисор, ки ҳамчун шахси пешсудшуда бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.
Ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт вусъат меёбанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика