Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст задани аҳли оила ба дуздӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Сайфуддинови ноҳияи Панҷ муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2017, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз лаби канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиаш 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 6.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 46-сола, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамсараш, зани 38-сола ва писараш ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки гумонбари ҷинояти дуздӣ, марди 46-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ҳамчунин моҳи августи соли 2017, бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳоти Пахтакори ноҳияи Панҷ 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дошта, арзишаш 2.800-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика