Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

21.02.с.2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холиқов Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Раҷабзода Қиёмиддини Зайниддин, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Дукониро пахш намудааст. 

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
22.02.с.2018, тахминан соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди”, соли таваллудаш 1993, сокини пойтахт ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони хурсдол, Норов Ҳамза Акрамович, соли таваллудаш 2008 ва Норова Дилноза Саидмуродовна, соли таваллудаш 2007, сокинони пойтахтро пахш намудааст.
Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона пиёдагардони хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика