Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 51-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки мохи октябри соли 2017, марди 29-солаи сокини ш. Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13,900-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2013, марди 52-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот давом дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика