Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани силсиладуздӣ

Ҳафтаи сипаригардида, вобаста ба дуздии молу чорвои шаҳрвандон сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудаанд, ки дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ якчанд далели чорводуздӣ ошкор гардида, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аз он ҷумла, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 20-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 4500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 50-солаи сокини ҳамин шаҳр бо ариза муроҷиат кардааст, ки санаи 16-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 2-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 32-солаи сокини деҳаи Элоки шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки санаи 16-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 2-сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 6500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Истаравшан, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ба ШВКД-2 дар шаҳри Исфара марди 67-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ муроҷиат намудааст, ки шаби 15 ба 16-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 5-сар чорвои майдаи шохдор, ки арзишашон 3900-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 28 ва 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбати далелҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсия парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика