Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии сандуқи оҳанин, атр ва маблағ аз корхона

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, корманди ҶДММ “Тениси ТҶ”, воқеъ дар ш.Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми феврали соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур шуда, аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин (сейф), арзишаш 1000-сомонӣ, 2-адад атри мардона ва 3300-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, марди 20-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика