Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиёдагардро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудани “ронанда”-и ноболиғ

02911-уми феврали соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Синои шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Сомонӣ Худойдодович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи Кӯҳии Металлургиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Дар натиҷа пиёдагард, Қурбонов С.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус ЯХ-330”, ноболиғ, Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, ки автомашинаи мазкур ба падараш, Сайдалиев Абдулҳамид Муҳиддинович, соли таваллудаш 1968, тааллуқ дорад, бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика