Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани зарари вазнин бо истифода аз табар

09.02.с.2018, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар шаҳри Конибодом марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви ҳамин шаҳрро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 7-уми феврали соли равон, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар бошишгоҳи саҳроии “Солиҷон”, воқеъ дар деҳаи Ниёзбеки шаҳри Конибодом, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 28-солаи ҷамоати деҳоти Шарифов, ҷангу ҷанҷол карда, бо табарчаи дар дасташ буда, ба аъзои бадани ӯ задааст.
Бо рух додани чунин ҳодиса марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор дорад.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика