Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду чӯпон дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки чӯпонони ҷамоати деҳоти Даҳқати ноҳияи Деваштич: М.А. соли таваллудаш 1971, Б.З. соли таваллудаш 1971, М.С. соли таваллудаш 1978, сокинони деҳаи Даҳқат ва Ҷ.Б. соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Хишекат, рӯзи 7-уми феврали соли 2018, тахминан соати 16:00-дақиқа, дар канори сойи деҳаи Хишекат нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, М.А., Б.З. ва М.С. шаҳрванд Ҷ.Б.-ро зери лату кӯб қарор додаанд. 

Дар натиҷа Ҷ.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, М.А. бо дигарон маслиҳат мекунад, ки ҷасади Ҷ.Б.-ро ба манзили истиқоматиаш баранд.
Аз ин ҳолат М.С. бо фикри он, ки М.А. метавонад оиди ҳодисаи рух дода, ба наздикони Ҷ.Б. хабар диҳад, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани охиронро пайдо карда, дар якҷоягӣ бо шаҳрванд Б.З. ба ӯ дарафтода, ӯро лату кӯб кардаанд.
Дар натиҷа М.А. низ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Нисбати шаҳрвандон: Б.З. ва М.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика