Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Вахш, муроҷиат намудааст, ки ки санаи 27-уми январи соли 2018, ҳангоми дар назди партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанаш, марди 45-солаи бе ҷойи зисти доимӣ, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Марди гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>