Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии маблағ

Ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н.Махсуми ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 18-уми январи соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи кушодани дар ба хонаи истиқоматиаш, ки тирезаҳояш панҷараи оҳанин надоранд, ворид шуда, аз дохили ҷайби палтояш 3000-сомонӣ, 6000-рубли Федератсияи Россия ва 100-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 29-солаи сокини деҳаи Шаҳрисабзро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамин тариқ ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур, корманди нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, муроҷиат намудааст, ки шаби 5-ум ба 6-уми феврали соли 2018, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо истифодаи арматур дари даромадгоҳи пластикии нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопамоӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии пойтахтро шикаста, вориди он ҷо шудааст. Сипас, дари сандуқи оҳанин (сейф)-ро шикаста аз дохилаш 7500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика