Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рейди шабона дар интернет-кафеҳо

162Бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва беҳудагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД пайваста санҷишҳои пешгирикунанда доир карда истодаанд.

Санҷиши навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур собит кард, ки то ҳануз шабгардӣ ва оворагардии баъзе наврасону ҷавонон падару модари онҳоро ба ташвиш нагузоштааст. Чунин бепарвоӣ ва беэътиноии волидон аст, ки фарзандони онҳо ба муноқишаҳои гурӯҳӣ ва дигар шаклҳои ҷиноят даст зада, ҷомеаро ба ташвиш мегузоранд.
Истифодаи ҳаргуна бозиҳои компютерӣ ва филмҳои хусусияти зӯроваридошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун оқибатҳои зараровар дошта, ба руҳу равони насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Аммо ҳанӯз соҳибони марказҳои компютерӣ ва баъзе падару модарон чунин оқибати нохуши филмҳои хусусияти ваҳшониятдошта ва бозиҳои зараровари компютериро ба эътибор намегиранд.
Баъзе соҳибкорон ба хотири фоида, талаботи қонунро ба инобат нагирифта, дидаву дониста марказҳои компютерии худро аз ҳисоби ноболиғон пур месозанд. Ва набудани фарзандони наврас шабонгаҳ барои бархе волидон ҳеҷ ташвишеро ба вуҷуд намеоварад, то он даме, ки кормандони милитсия нисбати фарзандони онҳо барои шабгардию беҳудагардӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб надиҳанд.
Кормандони ХПҲНҶ ВКД дар натиҷаи доир намудани як чорабинии мақсадноки пешгирикунанда дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муайян ва ошкор намуданд, ки шумораи зиёди ҷавонон ва 4 нафар ноболиғ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар бевақтии шаб дар интернет-кафеҳо машғули бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд.

163

Нисбати ҷавонон аз ҷониби кормандони милитсия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, зарар ва оқибатҳои нохуши ин бозиҳои зараровар фаҳмонида шуд. 4 нафар ноболиғ бошад ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ХПҲНҶ дастрас гардида, нисбати волидони онҳо дар асоси моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
А.Шоев, Д.Холов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика