Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 71-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аз соли 2012 то соли 2015 марди 50-солаи сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои сохтмони манзили иситиқоматиаш 45 ҳазору 300-доллари амрикоӣ ва 2000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Марди гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>