Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои марговар дар ноҳияҳои Хуросону Данғара

5-уми феврали соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Солиев Эмомиддин Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Қӯрғонтеппа дар ҳудуди н.Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, таҳти идораи Эшпулатов Гулмураз Кадирович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Солиев Э. ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ғуломов Қурбонмурод Мирзомаҳмадович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Чорбоғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
6-уми феврали соли 2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Карола”, Маҳмудов Ҷумахон Алихонович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Данғара-Кӯлоб” дар ҳудуди деҳаи Сафобахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дар дохили автомашина буда, хурдсол, Маҳмудова Румайсо Ҷумахоновна, соли таваллудаш 2016, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, худи ронанда Маҳмудов Ҷ.А., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика