Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорво аз ҷониби ҳамдеҳагон

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон марди 53-солаи сокини деҳаи Чӯпонободи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 18-уми январи соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 8-сар чорвои майдаи шохдор, ки арзишашон 6500-сомониро ташкил медињад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини деҳаи Чӯпонобод бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Норак марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дуконии ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дукониро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика