Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба садама дучор гардидан бо автомашинаи дуздидашуда

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 26-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми январи соли 2018, тахминан соати 23:50-дақиқа, ҷавонписари 19-солаи сокини шаҳри Ҳисор, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар дохили нуқтаи шустушӯи нақлиётҳо, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Баъдан номбурда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Зарари расонидашуда 2500-сомониро ташкил медиҳад.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия номурдаро ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғозз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика