Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб соҳиби автомашинаи “Лексус РХ-300” ва 30000 доллар гардидани қаллоб

103Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус ворид гардидааст, ки соли 2015, марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус РХ-300” ва 30000-доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 40000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

Марди гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2017, дар кӯчаи Айнӣ, марди 61-солаи сокини кӯчаи Ҳироти пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика