Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 мусофир дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ

27-уми январи соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Юсуфов Ҷомӣ Акрамович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Данғара-Кӯлоб”, дар ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори роҳ чаппа намудааст. 

Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Ниёзов Адабҷон Ёрмаҳмадович, соли таваллудаш 1983, сокини н.Ҳамадонӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда, Юсуфов Ҷ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
28-уми январи соли 2018, тахминан соати 02:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Солихоҷаев Шуҳратхоҷа Сайдуллохоҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯб бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Ҷураева Лола Қаҳрамоновна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, худи ронанда, Солихоҷаев Ш. ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Саидов Наимҷон Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва Ҷураева Рухшона Қаҳрамоновна, соли таваллудаш 1997, сокини ш.Истаравшан, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonu

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика