Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарёфт ва мусодираи сангҳои гуногунҳаҷми табиии қимматбаҳо

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва шуъбаҳои он дар шаҳру вилоятҳо ду амали муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ошкор карда шуд.

Рӯзи 26-уми январи соли 2018, марди 33-солаи сокини кӯчаи Гипроземи ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили ҳамёни номбурда 17-адад сангҳои гуногунҳаҷми табиии қимматбаҳои навъи “Лаъл”, вазни умумиашон 9,97-грамм, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин кормандони милитсия бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 44-солаи сокини ноҳияи Рушонро дар шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.
Санаи 13-уми январи соли 2018 дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота- Ринер”, аз пинҳонгоҳи қисми чапи “тарпедааш” 1-адад халтача, ки дар дохили он 38-адад сангҳои табиии қимматбаҳои навъи “Рубин” ва 21-адад сангҳои гуногунҳаҷми табии қимматбаҳои навъи “Лаъл”, вазни умумиашон 59,40-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика