Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумот

136Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанов Фахриддин Насоҳиддинович, санаи таваллудаш 04.04.1991, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, кӯчаи Каримов, хонаи 20, миллаташ тоҷик, аз ҷониби язнааш аъзои фаъоли ташкилоти террористии “Давлати Исломӣ”, ҷустуҷӯшаванда Шарифов Баҳромҷон Меҳрабонович (с/т 10.09.1982, ки нисбаташ бо аломати ҷинояти моддаи 401 иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст) ба ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати Исломӣ” шомил карда шудааст. 

Санаи 21 январи соли 2018, Ҳасанов Ф. аз шаҳри Стамбули давлати Туркия ба зодгоҳаш ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баргашта, бинобар сабаби санаи 12 январи соли 2018 нисбаташ аз ҷониби ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои З07 прим 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) ва 401 прим 1 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) оғоз шуданаш, таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуда, ба ҳабс гирифта шуд.
Айни ҳол аз ҷониби муфаттишони Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Ҳасанов Ф. тафтишоти пешакӣ идома дорад. Бояд қайд кард, ки модари Ҳасанов Ф. Маматова Меҳринисо Ҷумахоновна худ фарзандонашро барои таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлати Мисри Араб фарогир карда, худ низ тӯли 10 моҳ бо фарзандонаш дар он ҷо қарор дошта, бо ақидаҳои бегона ошно гаштааст. Бародари Ҳасанов ин Ҷумахонов Абдухолиқ айни ҳол дар давлати Туркия панаҳ бурда, бо ҷурми аъзогӣ ба ташкилоти террористии “Давлати Исломӣ” таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дорад.
Модари Ҳасанов Ф. Маматова Меҳринисо Ҷумахоновна дидаю дониста духтари худаш Холбобоева Ҷумагул Менгилиқуловнаро (аз шавҳараи якумаш) ба ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта террорист Шарипов Баҳромҷон ҳамчун зани дуюм ба шавҳар додааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика