Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ҷ.Расулов ҳангоми гирифтани пора

Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади дигар кардани таъиноти истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигии худ ҳамчун маркази савдо ва чойхона, ба унвони роҳбарияти ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза муроҷиат кардааст.

Аризаи номбурдаро мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ҷ.Расулов, марди 30-солаи сокини ноҳияи Деваштич баррасӣ намуда, аз ӯ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳо, 22000-сомонӣ ҳамчун пора талаб кардааст.
Номбурда, санаи 23-юми январи соли 2018, тахминан соати 16:10-дақиқа, ҳангоми гирифтани 10000-сомонӣ ва 500-доллари амрикоӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика