Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст задани шаҳрвандон ба қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, солҳои 2015-2016 бо роҳи фиреб ба боварии марди 66-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 14090-сомонӣ, 31000-рубли Федератсияи Россия ва 14560-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз соли 2004 то соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии марди 62-солаи сокини ноҳияи Деваштич даромада, аз ӯ 274000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 60-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар он хусус ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2009 дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт марди 69-солаи сокини кӯчаи Тунис бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 18000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати ҳолатҳои қаллобӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика