Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамаъҷӯии ноболиғ барои тоза намудани акс аз шабакаи “Инстаграм”

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 10-уми Гимназия, дар телефони мобилиаш тамғаи “Айфон-6” дар шабакаи иҷтимоӣ-интернетии “Инстаграм” саҳифа кушода, бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда маблағ ситонидааст. 

Аз ҷумла, санаи 16-уми январи соли 2018, ноболиғи мазкур дар шабакаи иҷтимоӣ-интернетии “Инстаграм” акси зани 20-солаи сокини шаҳри Душанберо гирифта, дар шабкаи мазкур ҷой намуда, аз дӯстдоштааш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе барои тоза намудан ва нест кардани сабтҳои беобрӯкунанда маблағи 1000-сомонӣ тамаъ намудааст.
Ноболиғи мазкур ҳангоми гирифтани маблағи 1000 сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Ин ҳодиса мавриди татфиш қарор дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика